Сафири Русия: Умедворем, мизони тиҷорат бо Тоҷикистон ба $ 1 миллиард расад
Сафири Русия дар Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки мизони додугирифти тиҷоратии миёни ин ду кишвар то поёни соли 2018 ба 1 миллиард доллар баробар мешавад. Дар як мусоҳибааш бо оҷонсии “Азия-Плюс” Игор Лякин-Фролов рӯзи 14 декабр гуфт, ки бар асоси ҳисобҳои омории Тоҷикистон, ин нишондод дар 9 моҳи соли ҷорӣ тахминан 845 миллион долларро ташкил додааст, ки 10 % бештар назар ба ҳамин марҳилаи соли гузашта мебошад. “Умедворем, ки ин нишондод то охири сол 1 миллиард долларо ташкил медиҳад”, гуфтааст сафир. Ӯ ёдовар шуд, ки дар миёни бахшҳои асосӣ дар додугирифти ду кишвар ин маҳсулоти нафтӣ, ғизо, чӯбу тахта, маҳсулоти оҳанӣ ва дигарҳо мебошанд. Тоҷикистон ба бозори Русия асосан алюминий, пахта, меваи хушк ва меваву сабзавот ворид мекунад.
Тоҷикистону Русия аз соли 1992 - замони барқарорсозии муносибатҳои дипломатии миёни ду кишвар, дар маҷмӯъ 230 созишномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд, ки бахшҳои мухталиф - аз сиёсат то иқтисоду фарҳангро дар бар мегиранд. Соли ҷорӣ як бахши муҳими ҳамкориҳои фарҳангиву илмии ду кишвар соҳаи маорифро дар бар гирифт ва Русия ба Тоҷикистон даҳҳо омӯзгори фаннҳои мухталифро фиристод, то ки дар мактабҳои миёна дарс диҳанд.