Дар Тошканд хонаҳои сохти қадима тахриб мешаванд
![Дар Тошканд хонаҳои сохти қадима тахриб мешаванд](https://gdb.rferl.org/A32BF1C2-72B1-4CB3-80BA-DB2FE960C233_cx0_cy7_cw0_w800_h450.jpg)
Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов хабар дод, ки тамоми хонаҳои қадимӣ дар шаҳри Тошканд тахриб ва ба ҷои онҳо биноҳои нав бунёд карда мешаванд. Дар ин бора рӯзи 24 декабр бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.
Ӯ ҳангоми суханронӣ дар бораи рушди босуръати бахши сохтмони Узбекистон рӯзи 22 декабр суханони муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвараш Козим Тулягановро иқтибос овард.
"Туляганов, ки дар гузашта муовини аввали сарвазир, шаҳрдори Тошканд, мудири иттиҳодияи "Тошкандстрой" буд, дирӯз гуфт, ҳатто дар беҳтарин даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тошканд дар ҳаҷми 1 миллион метри мураббаъ манзили зист бунёд ва ба истифода дода нашудааст. Мо сол ба поён нарасида, аллакай ин рақамро гузаштем", - изҳор дошт Орипов.
Ба гуфтаи ӯ, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дастур додааст, ки ба ҷои хонаҳои қадимии пойтахти кишвараш биноҳои наву замонавӣ бунёд карда шавад. "Президент гуфт, биноҳо бояд бо оби гарму низоми гармидиҳӣ таъмин бошанд. Мардум барои омода кардани ғизо дигар набояд аз чӯбу ангишт истифода кунанд", - афзуд сарвазир.
Орипов мегӯяд, Мирзиёев ҳангоми боздид аз хонаҳои ноҳияи Сергелии Тошканд ӯро сарзаниш кардааст, ки чаро бо мошинҳои либосшӯӣ таъмин нестанд.
"Президент гуфт, натавонистед, хонаҳоро бо мошинҳои либосшӯӣ таъмин кунед? Ӯ метавонад бихарад? Шавҳараш ба ӯ мехарида бошад? Чаро ту ҳамчун раиси ҳукумат ба ин масъала диққат намедиҳӣ? Албатта, ин корҳоро анҷом хоҳем дод. Президент ошкоро намегӯяд, ки барои бонувон, вале дар ҳама суханҳояш таваҷҷуҳ ба бонувон дида мешавад", - гуфт Орипов.
Ёдрас мешавем, президенти Узбекистон 21 декабр аз биноҳои навбунёди ноҳияи Сергелӣ боздид кард.