Дар Чин мурофиаи додгоҳии як ҳомии ҳуқуқи инсон шурӯъ шуд
Дар Чин субҳи 26 декабр мурофаи додгоҳии ҳомии ҳуқуқи башар Ван Тсюанҷан (Wang Quanzhang) шурӯъ шуд. Ин ҳомии ҳуқуқ се сол пеш дар як маъракаи саркӯби фаъолони ҷамъиятӣ боздошт шуд. Соатҳои шурӯи мурофиа дар беруни додгоҳ дар шаҳри Тянзин тахминан бист афсари полис тартиботро назорат мекарданд. Ду фаъоле, ки аз мурофиаи судӣ эътироз доштанд, аз ҷониби полис дур карда шуданд. Барои назорат аз ҷараёни додгоҳ хабарнигорон, дипломатҳои хориҷӣ ва тарафдорони Ван Тсюанҷан омада буданд.
Вани 42-сола барои талоши сарнагун кардани қудрат муҳокима мешавад ва дар сурати гунаҳгор эълон шудани ӯ, ба вай ҳукми ҳабси абад таҳдид мекунад. Ван яке аз 200 фаъоли сиёсӣ аст, ки соли 2015 боздошт шуд. Ӯ ба ҳайси ҳуқуқшинос дар ширкати юридикии “Фенгруй” бо таҳқиқи чанд парвандаи ҳассос машғул ва ҳамчун як мунаққиди ҳукумати коммунистӣ ном бароварда буд. Мақомот рӯзи 26 декабр ба ҳамсари Ван Тсюанҷан – Лӣ Вензу иҷоза надоданд, ки дар мурофиаи ҳамсараш иштирок кунад.
Аз замони ҳабси шавҳар, ҳамсараш ҳамеша барои озод шудани ӯ эътирозҳо ташкил кардааст. Барои назорат аз додгоҳ дипломатҳои сафоратҳои ИМА, Шветсия, Бритониё ва Олмон дар назди додгоҳ қарор доштанд. Дархости дипломатҳо ҳам барои роҳ ёфтан ба мурофиа рад шуд. Мурофиаҳои ҳомиёни ҳуқуқ дар Чин маъмулан дар таътили солинавӣ баргузор мешавад, чунки бисёр дипломатҳои кишварҳои ғарбӣ, ки ба риоя шудани ҳуқуқи башар пойфишорӣ мекунанд, барои таҷлили ид ба ватанҳои худ бармегарданд.