Ҳаракати автобусҳо дар Душанбе зиёдтар мешавад, вале
Шаҳрдорӣ рӯзи 11-уми январ бо нашри як эълон дар вебсайти расмии худ навиштааст, ки бо мақсади кам кардани танбашавии нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои марказии Душанбе ва беҳтар кардани хизматрасонӣ ба мусофирон, аз 16 январи соли 2019 ҳаракати микроавтобусҳои хатсайри манъ карда мешавад”.
Ба гуфтаи шаҳрдорӣ ба ҷойи ин ҳаракати автобусҳои рақами 2, 18, 4, 12 зиёд мекунанд ва фосилаи ҳаракати онҳо низ кутоҳтар мешавад, то мусофирон саривақт ба манзилу кор бирасанд.
Мусофирбарҳои (маршрутка)хурди рақами 33 дар Душанбе рӯзона ба ҳазорон нафар дар пойтахти Тоҷикистон идмат мерасонанд. Бо вуҷуди афзоиши шумораи автобусҳо дар Душанбе, шикоятҳо аз норасоии нақлиёт дар пойтахт ва ҳам бо таъхир ҳаракат кардани автобусҳо зиёд аст.