Пиёзкорон дар Суғд мегӯянд, ба ҷои фоида зарар диданд
![Пиёзкорон дар Суғд мегӯянд, ба ҷои фоида зарар диданд](https://gdb.rferl.org/6CB7E005-0BA2-4DAB-97B7-074A78C4254F_cx0_cy5_cw0_w800_h450.jpg)
Кишоварзон дар вилояти Суғд аз нархи ниҳоят арзони пиёз шикоят доранд. Ҳарчанд ҳосили ин зироат ин сол фаровон шуд, аммо бинобар уфти нархи он дар бозорҳои дохил, деҳқонон мегӯянд, аз ҳосили дастранҷашон ба ҷои фоида зарар мебинанд.