Таркиш дар Кобул: чаҳор кас кушта ва даҳҳо тани дигар маҷруҳ шуд
Аз таркиши шаби 14 январ дар шаҳри Кобули Афғонистон ҳадди ақал 4 кас кушта, бештар аз 90 тани дигар маҷруҳ шуд.
Масъулияти ҳамлаи охирро то ҳанӯз касе ба дӯш нагирифтааст. Наҷиб Дониш, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, дастгоҳи тарканда, ки дар мошине насб шуда буд, дар қисмати шарқии Кобул, наздикии маҷмааи Green Village таркид. Дар ин маҷмаа чанде аз намояндагони созмонҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд.
Ба иттилои мақомот, миёни маҷруҳон 23 кӯдак ҳаст.
То чанде пеш дар маҷмааи Green Village кормандони намояндагии СММ дафтари корӣ доштанд. "Ба биноҳои истиқоматии атроф зарари ҷиддӣ расидааст", - гуфт Наҷиб Дониш.