Исмоилова бо талаби озодии блогнависи зиддифасод гуруснанишинӣ эълон кард
Рӯзноманигори таҳқиқотгари Озарбойҷон Хадича Исмоилова бо талаби озод кардани блогнависи зиддифасод Меҳмед Ҳусайнов ва дигар зиндониҳои сиёсӣ ба гурӯҳи фаъолоне пайваст, ки бо чунин талаб даст ба гуруснанишинӣ задаанд.
Хадича Исмоилова рӯзи 15 январ аксҳои худаш, фаъоли ҳуқуқ Намиқ Абдуллоев ва дигаронро дар Фейсбук нашр кард, ки дар дафтари ҳизби "Мусавват" дар Боку гуруснанишинӣ эълон карданд.
"Ман чизи дигар барои қурбонӣ надорам, ба ҷуз саломатиам",- гуфт Исмоилова рӯзи 14 январ вақте аз барномаи ҳамоишаш ба эътирозгарон хабар дод.
Ӯ талаб кард, ки ҳукумати президент Илҳом Алиев "иттиҳоми алайҳи панҷ зиндонии сиёсиро, ки муҳлати ҳукмашон ба охир мерасад, лағв кунад" ва "ҳамаи рӯзноманигорон, блоггерҳо ва фаъолони ҳуқуқро озод кунад".
Ӯ ҳамчунин аз ҳукумат даъват кард, ки "сиёсати бидуни зиндонии сиёсӣ"-ро пеш бигирад ва баррасии "парвандаҳои ҳамаи зиндониҳои сиёсӣ"-ро якҷо бо гурӯҳҳои мустақили ҳукуқи башарро ба роҳ монад.
Талаби озодии блогнависи зиддифасод Меҳмед Ҳусейнов дар дохил ва хориҷи Озарбоҷон дар ҳоле шиддат мегирад, ки мақомот дар фосилаи чанд ҳафта аз анҷоми ҳукми зиндон алайҳи Меҳмед Ҳусейнов иттиҳоми нав эълон карданд. Ӯ ба "зуроварии хатарнок ба ҳаёти намояндаи ҳукумат" муттаҳам мешавад.
Ҳусейнов ва чанде аз зиндониҳои сиёсӣ ба нишони эътироз даст ба гуруснанишинӣ заданд.
Ҳусейнов ҳоло бо ҷурми "туҳмат" ҳукми дусолаи зиндон пешти сар мекунад, ки худаш ва ҷонибдоронаш онро ҳукми дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.