Идораи истихборот аз таҳдидҳо ба ИМА ҳушдор дод
Дар солҳои оянда Русия ва Чин талош мекунанд, бо истифода аз вазъияти нав, ки боиси заъиф шудани назми байналмилалӣ шудааст, Амрикоро ба чолиш бикашанд.
Чунин баёния дар стратегияи нави иктишофии ИМА зикр шудааст, ки рӯзи сешанбе нашр гардид.
Тамоюлҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла нақши институтсияҳои байналмилалӣ, ҳамла ба демократия ва инзивои сохторҳои давлатии кишварҳои Ғарб дар ояндаи наздик бартарӣ хоҳанд дошт, менависанд таҳлилгарони амрикоӣ. "Талошҳои давомдори Русия барои бештар кардани нуфузу қудраташ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон бо манфиатҳои ИМА дар ҳоли мухолифат қарор доранд", - омадааст дар гузориш. "Аслиҳасозии Чин ва талоши ин кишвар барои ҳукмронии иқтисодӣ ва ҳудудӣ дар уқёнуси Ором боиси нигаронӣ аст", - афзудаанд таҳлилгарон. Ҳарчанд ба гуфтаи онҳо имкони ҳамкориҳои муштарак бо Пекин дар заминаи манфиати мутақобил вуҷуд дорад.
Ин гуна гузориш дар 4 сол як маротиба нашр мешавад. Баъди ҳамлаи 11 сентябри соли 2001 иктишофи амрикоӣ созмонҳои террористиро барои ИМА хатари асосӣ унвон кард. Ҳамакнун таваҷҷуҳ ба ноустувории ҷаҳон равона шудааст.