Дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсуфи 5-соларо меҷӯянд
Хешовандони як тифли тоҷик, ки тақрибан 10 рӯз пеш бенишон шуд, мегӯянд, ҷустӯҷуи онҳо ва мақомоти интизомӣ ҳеҷ натиҷае надодааст. Юсуф Саидови 5-сола рӯзи 31-уми январ дар назди хонаашон дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ ғайб зад.
Шаҳобиддин Саидов, амаки Юсуф рӯзи 9-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз нопадид шудани бародарзодааш, бо аҳли деҳ тамоми атроф, ду гуристони деҳа, наҳри беоби наздики деҳаро ҷустуҷӯ кардаанд, вале кӯдак, ё аломате аз ӯро пайдо накардаанд.
Ӯ афзуд, баъди гум шудани Юсуф ба мақомоти милиса муроҷиат кардаанд ва онҳо низ дар ин замина парванда боз кардаанд ва ҷустуҷуи тифли 5-соларо идома медиҳанд. Шаҳобиддин Саидов гуфт, Юсуф зоҳиран ҳангоми бозӣ дар назди хонаашон соати 12 нисфирӯзӣ ғайб задааст ва касе ҳам намедонад, ки куҷо рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, фақат фурӯшандагони мағозаҳои наздик гуфтаанд, ки тифлро дидаанд.
Деҳаи Ҷӯйбодом дар канори шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва дар гузашта шоҳиди чунин ҳодиса нашудааст. Гум шудани тифл дар деҳот дар Тоҷикистон аҳёнан рух медиҳад, чун мардум ҳамдигар ва атфоли ҳамдигарро мешиносанд ва дар сурати танҳо дидани тифли хурдсол ӯро ба назди волидонашон бармегардонанд.
Аммо дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон дар гузашта нопадид шудани се тифли хурдсол дида шудааст, ки дуторо бо гузашти солҳо пайдо накардаанд, вале ҷасади якеро дар ноҳияи Ҳисор ёфтаанд.
Волидони тифли гумшуда бо насби эълонҳо дар деҳоти атроф ва ҳам нашри он дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардум хостаанд, дар сурати дидани ӯ ба волидон муроҷиат кунанд. Рақам барои муроҷиат ҳам гузоштаанд, ки ин аст 901-55-15-97, 905-88-68-68