“Чилпо маро аз хонаам бехона кард”
![“Чилпо маро аз хонаам бехона кард”](https://gdb.rferl.org/72fc5ba0-c97a-44fa-a3a4-a9617adb68a8_tv_w800_h450.jpg)
Қурбонгул Солиҳова, сокини деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи Хуросон, як ҳафта боз дар манзили худ шабро саҳар намекунад. Тарси ӯ аз як навъ ҳашаротест, ки дар хонаи ӯ пайдо шудааст. Сокинони деҳаи Ҳаёти Нав ин ҳашаротро “чилпо” меноманд.