Кумитаи занон гуфт, ки ҳиҷоби ҳеҷ як занро аз сараш накашидааст
Масъулини Кумитаи кор бо занони Точикистон мегӯянд, бархе дар ҷомеа "корхои фаҳмондадиҳӣ"-и ин ниҳодро нодуруст мефаҳманд, зеро ин кумита ҳиҷоби ҳеч як занро аз сараш накашидааст. Маҳбуба Азимова, як масъули ин кумита рӯзи 13-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар як соли гузашта 48 гурӯҳи кории ин кумита дар якҷояги бо мақомоти интизомӣ рейдҳои фахмондадиҳии сарулибос, фаъолият доштанд.
Ба гуфтаи Азимова, манзур аз чорабинии "фаҳмондадиҳӣ"-и кумита танҳо пӯшидани рӯймоли тоҷикӣ аст, на бештар аз он. Раиси Кумитаи занон Идигул Қосимзода гуфт, онҳо бо вазорати фарҳанг як намунаи дастурамалро таҳия карда буданд ва занон барои нигоҳ доштани фарҳанги тоҷикӣ, бояд ҳамон либосҳои муайяншударо бояд пӯшанд. Ӯ дар посух ба суоли он, ки ин то куҷо манъи вуруди занони сатрпӯш ба муассисахои давлатӣ конунӣ мешавад гуфт, "дастурамали либосҳо аллакай тахия шудааст".
Дар Тоҷикистон солиёни ахир мақомот назоратро аз болои либос ва намуди зоҳирии сокинон сахттар карда, аз ҷумла, барои донишомӯзону кормандони сохторҳои давлатӣ пӯшидани либоси хусусияти мазҳабидоштаро манъ кардаанд.
Вазоратҳои фарҳангу маориф барои кормандони соҳа намунаҳои намудҳои либосҳои занонаву мардонаи аз назари мақомот "роиҷ ва қобили қабул барои Тоҷикистони дунявӣ"-ро пешниҳод кардаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ин кишвар, ки аксар сокинонаш мусалмон мебошанд, дунявӣ аст ва бояд меъёрҳои дунявиятро дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла сарулибос ва намудаи зоҳирӣ риоя кунад. Дар чанд соли охир мақомот дар миёни духтарони занони тоҷик рейдҳое ҳам барпо карда, дар сӯҳбат бо бонувони ҳиҷобпӯш машварат додаанд, ки бидуни он ваё ба сар кардани рӯймоли занона ҳиҷоби худро иваз кунанд.
Мухолифони ин муқаррарот мегӯянд, ки шаҳрвандон бояд дар интихоби сарулибос ва намуди зоҳираш озод бошад. Мавзӯи назорат аз либоси мазҳабии шаҳрвандон дар Тоҷикистон мавриди интиқоди гузоришгарони Коммиссиюни озодиҳои динии ИМА ва ҳам дигар нозирони риояи ҳуқуқи башар дар хориҷи Тоҷикистон шудааст.