Дар Муъминобод таркиш ҳаёти ду бародарро аз байн бурд
![Дар Муъминобод таркиш ҳаёти ду бародарро аз байн бурд](https://gdb.rferl.org/946614fc-4fe0-45d0-8f1d-e894e9581f3a_tv_w800_h450.jpg)
Дар ноҳияи Муъминобод бар асари таркиш ҳангоми таъмири трактор ду бародар: Ҷамшед ва Қурбон Назаров ба ҳалокат расиданд. Ҳамдеҳагони фавтидагон мегӯянд, ки бародарон снарядро нашинохта, ҳамчун пораи оҳан дар таъмири тракторашон истифода бурдаанд.