Нерӯҳои Фаронса дар Мали як мақоми “Ал-Қоида”-ро куштаанд
![Нерӯҳои Фаронса дар Мали як мақоми “Ал-Қоида”-ро куштаанд](https://gdb.rferl.org/9D89B7E4-2D17-4C16-AEA7-B3E753328C04_cx0_cy3_cw0_w800_h450.jpg)
Артиши Фаронса эълон кард, ки як фармондеҳи аршади “Ал-Қоида”-ро дар Мали, ҷумҳурие дар ғарби Африқо, куштааст. Мақомҳои Фаронса рӯзи 22-юми феврал гуфтанд, талош барои қатли Яҳё Абу ал-Ҳаммом солҳо боз идома дошт. Ӯ ба “тарроҳии ихтилофи ғарбиҳо” дар минтақаи соҳили Африқо муттаҳам будааст. Вазорати дифои Фаронса мегӯяд, Яҳё Абу ал-Ҳаммом рӯзи панҷшанбеи гузашта ва баъди он кушта шуд, ки нерӯҳои фаронсавӣ, чархболҳо ва як ҳавопаймои бесарнишини ин кишвар ба корвони мошинҳои ӯ ҳамла карданд.