Шароби заҳролуд дар Ҳиндустон беш аз 100 нафарро кушт
Мақомоти Ҳиндустон гуфтанд, ки бар асари нӯшидани шароби заҳролуд дар иёлати Ассом дастикам 133 нафар ҷон бохта ва тақрибан 225 нафари дигар дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Мукеш Агарвал, як мақоми пулис, рӯзи 24-уми феврал гуфт, аксари осебдидаҳо кормандони корхонаи истеҳсоли чой буданд.
Агарвал афзуд, молики як корхонаи шароббарорӣ ва даҳҳо тани дигар дастгир шуда, таҳқиқот дар ин замина идома дорад.
Ҳиманта Бисва Шарма, вазири тандурустии иёлати Ассом, гуфт, ба таҳиякунандагони шароби ғайриқонунӣ ҳеч раҳм нахоҳанд кард.
Нӯшидани шароби заҳролуд ваё ба гуфтаи мақомот ғайриқонунӣ дар Ҳиндустон пеш аз ин низ боис ба талафоти сангин шудааст. Соли 2011 дар иёлати Банголи Ҳиндустон беш аз 170 нафар ҷон бохта буданд.