Соли гузашта дар Афғонистон беш аз 3800 ғайринизомӣ кушта шудааст
Созмони Милали Муттаҳид соли гузаштаро “пурталафоттарин сол” барои ғайринизомиён дар Афғонистон донистааст.
Ин созмон дар гузориши тозаи худ, ки рӯзи 24-уми феврал нашр шуд, гуфт, соли 2018 дар Афғонистон беш аз 3800 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 7100 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Ин рақам дар муқоиса ба талафоти ғайринизомиён дар соли 2017 ёздаҳ дар сад бештар будааст.
Афзоиши талафот дар Афғонистон ба нерӯ гирифтани гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ”, афзоиши ҳамлаҳои интиҳорӣ ва идомаи амалиёти Толибон дар ин кишвар марбут дониста шудааст.
Соли гузашта дар Афғонистон дастикам 65 ҳамла сурат гирифта, ки дар натиҷаи он 2200 нафар ҷон додаанд. Ҳудуди 500 сокини осоишта дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва муттаҳидонаш кушта шудаанд.
Омори тоза аз талафот дар Афғонистон дар остонаи даври дигаре аз гуфтугӯҳои сулҳ миёни намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон бо гуруҳи Толибон, ки қарор аст дар рӯзи душанбе анҷом шавад, нашр шудааст.