Шикоят аз шиканҷа. "Ангуштони Алиҷон доғи сиёҳ дошт"
Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯзи 22-юми феврал хабар дод, ки сокини ноҳияи Рӯдакӣ Алиҷон Ашӯров барои ба дӯш гирифтани гуноҳ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.
Ашӯрови 27-сола ба ҳайси сартарош дар Русия кор мекард ва моҳи декабри соли гузашта ҳамроҳи зану кӯдаконаш аз онҷо ихроҷ шуд ва ба Тоҷикистон баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе маъмурони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дастгир кардаанд.
Наздиконаш гуфтанд, ки ӯ барои “майл ба терроризм” ва “нияти сафар ба Сурия” муттаҳам аст. Нурулло Қодиров, падари Алиҷон, ба Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон гуфтааст, писараш то 3-юми январи имсол дар бинои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил нигоҳдорӣ шуд ва баъди он ба СИЗО интиқол ёфт.
Ӯ нақл кардааст, ки рӯзи 28-уми декабр гӯё нафари ношинос аз Тоҷикистон ба Алиҷон занг зада ва пешниҳоди сафар ба Сурияро кардааст. “Алиҷон дар навбати худ ҷавоби рад додааст. Рӯзи дигар мақомоти шаҳри Санкт-Петербург ӯро аз Русия ихроҷ карданд. Вале ман ба ин иттиҳом бовар намекунам”, - афзудааст Нурулло Қодиров.
Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, мақомот то замони гузаронидан ба СИЗО, имкони дидор бо писарашро надоданд. Ба қавли ӯ, “баъди ин, ман ба худ омада наметавонам. Ангуштони Алиҷон доғҳои сиёҳ доштанд, вай базӯр ҳаракат мекард.”
Худи Алиҷон ҳам ба падараш гуфтааст, ӯро шиканҷа карданд, то нияти сафар ба Сурия эътироф кунад. Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Алиҷон Ашӯров мегӯяд, нисбат ба нафари таҳти ҳимояти ӯ “усулҳои ғайриқонунии тафтишот ва зӯроварии ҷисмонӣ истифода бурда шудааст. Ба ангуштони дасту пояш ноқил пайваст карда, қувваи барқ сар додаанд.”
Абдураҳмон Шарифов мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташ танҳо баъди гирифтани ин таҳдид, ки “волидонашро “маҳкам” ва бо зану модараш бадрафторӣ карда, худи ӯро бо калтаки резинӣ таҷовуз менамоянд”, гуноҳро ба дӯш гирифтааст.
Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, дар ин замина ба Додситонии кул муроҷиат шудааст. Манобеи Додситонии кул ба ин созмон гуфтаанд, аз рӯи далели эҳтимоли шиканҷа санҷиши прокурорӣ оғоз шуда ва ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ ҳам гузаронда шудааст.
Вале мақомот дар ин бора ҳанӯз шарҳи расмӣ надодаанд. Маркази мустақили ҳифҳи ҳуқуқ ҳам мегӯяд, муроҷиати онҳо дар ин бора ба Вазорати корҳои дохилӣ бенатиҷа буд.
Истифода аз шиканҷа ҳангоми бозпурсӣ дар Тоҷикистон аз масъалаҳои доғ ба шумор меравад. Созмонҳои байналмилалӣ борҳо Тоҷикистонро барои шиканҷа танқид карда ва аз мақомот хостаанд, ки шиканҷаро аз байн бибаранд.
Соли гузашта беш аз 40 нафар аз шиканҷа шудани худ ё наздиконашон ба Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон шикоят кардаанд. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, соли гузашта дар робита ба шиканҷа чаҳор парвандаи ҷиноӣ боз карда, ду парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристоданд.