Sunday Times: Трамп аз Ким бастани корхонаи махфиро талаб кард
Сабаби ба нокомӣ мувоҷеҳ шудани гуфтугӯҳои президенти ИМА Доналд Трамп бо роҳбари Куриёи Шимолӣ дар ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ханой талаби бастани корхонаи махфии ғанисозии урани Куриёи Шимолӣ будааст, - хабар медиҳад нашрияи бритониёии Sunday Times.
Нашрия рӯзи 3 март навишт, ҳайати ИМА дар саммити Ханой ба намояндагони Куриёи Шимолӣ хабар додааст, ки иктишофи Амрико дар бораи иншооти махфие бо номи "Кангсон", дар наздикии Пхенян иттилоъ дорад. Трамп аз Ким талаб кард, ки иншооти мазкурро тахриб кунад, аммо Ким посухи рад дод. Баъди ин радду бадал гуфтугӯҳо пеш аз вақт, бидуни ғизои нисфирӯзии муштарак ва имзои қатъномае ба поён расиданд.
Гуфта мешавад, иктишофи ИМА корхонаи мазкурро тавассути таҳлили аксҳо аз кайҳон ошкор кардааст. Дар бораи корхонаи мазкур пештар низ иттилоъ буд, аммо расонаҳо дар ин бора нисбатан гузориши камтар нашр мекарданд.
Доналд Трамп баъди анҷоми гуфтугӯҳои Ханой хабар дод, ки Ким Чен Ин дар ивази маҳви силоҳи ҳастаӣ бекорсозии комили таҳримҳои амрикоиро талаб кардааст. Трамп мегӯяд, ба ҳамин далел гуфтугӯҳоро тарк кард. Намояндагони Куриёи Шимолӣ гуфтанд, лағви таҳримҳоеро талаб кардаанд, ки ба аксарияти аҳолии он кишвар таъсир дорад.
Дар ҳамин ҳол, роҳбарони ИМА хабар доданд, ки омодаи идомаи гуфтугӯҳо ҳастанд. Рӯзи якшанбе ИМА ва Куриёи Ҷанубӣ гуфтанд, размоишҳои ҳамасолаи низомиро дар соли ҷорӣ баргузор нахоҳанд кард. Чунин тасмим бо ҳадафи фароҳам кардани шароит барои эҳёи гуфтугӯҳо бо Куриёи Шимолӣ, гирифта шуд.