Сенатори ИМА гуфт, ки ҳангоми хизмати низомӣ таҷовуз шуда буд
Сенатори аёлати Аризона, узви ҳизби Ҷумҳурихоҳ Марта Максалли гуфт, ки ҳангоми хизмат дар нерӯҳои ҳавоӣ аз ҷониби афсари баландпоя таҷовуз шуда буд. Максаллии 52-сола дар ин бора рӯзи гузашта дар Сенат ҳангоми баррасии масъали ҷилвгирӣ аз озори ҷинсӣ дар хизмати низомӣ сӯҳбат кард.
Ба гуфтаи Максалли, ӯ солҳо дар ин бора хомӯш буд, зеро худро гунаҳкор медонист ва ба сохтори низомӣ бовар надошт, аммо вақте зарурати гуфтани ончӣ аз сараш гузашт ба миён омад, вокуниш ӯро ба ваҳшат овард ва мехост аз кор равад. Максалли гуфт, мехост дар ин бора бо низомиён сӯҳбат кунад, аммо эҳсос кард, ки дубора аз ҷониби сохтор "таҷовуз мешавад". "Бо гузашти замон дар сохтори низомӣ чунин расвоиҳо бештар мешуданд, вале низомиён ба онҳо вокуниш нишон намедоданд",- гуфт ӯ ва афзӯд, барои ҳамин гуфтани ин ҳодисаро муҳим мешуморад.
Марта Максалли 26 сол дар неруҳои ҳавоӣ хизмат кард. Ӯ аз аввалин занҳое буд, ки дар амалиётҳои ҳарбии нерӯҳои ҳавои иштирок дошт ва нахустин зан дар мақоми фармондеҳи эскадрилия буд. Ӯ соли 2018 баъди марги сенатор Ҷон Маккейн ҷойи ӯро дар Сенат ишғол кард. Максалли ҳамчунин гуфт, ки ҳангоми хизмати низомӣ аз тарафи мураббии мактаб низ мавриди озоди ҷинсӣ қарор гирифт.