Боздошти чанд мансабдори Додситонии кулли Узбекистон
Чанд манбаъ дар ҳукумати Узбекистон хабар доданд, ки рӯзҳои 4 ва 5-уми март як гурӯҳ аз мансабдорони баландпояи Додситонии кулли ин кишвар боздошт шуданд. Вале дар Додситонии кул гуфтанд, ки дар ин бора хабар надоранд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони бахши узбекии Радиои Озодӣ, дар миёни онҳое, ки 5-уми март дастгир шуданд, муовини додситони кулли Узбекистон Ғайрат Ҳидоятов ва сардори яке аз раёсатҳои додситонӣ Икром Исканов низ ҳастанд.
Як манбаи дигар гуфт, маъмурони Хадамоти амнияти Узбекистон рӯзи 4-уми март сардори Раёсати тафтиши ҷиноятҳои вазнини Додситонии кулли ин кишвар Шоҳмуҳаммад Муҳаммадҷонов ва муовини додситони шаҳри Тошканд Ёркин Абдуллоевро боздошт карданд.
Ҳамсуҳбатони бахши узбекии Радиои Озодӣ дар мақомоти адлияи Узбекистон гуфтанд, зидди мансабдорони боздоштшуда бар пояи банди "сӯистифода аз мақом" парванда боз шудааст.
Дар Додситонии кулли Узбекистон танҳо гуфтанд, ки дар ин бора хабар надоранд.