“Зан будан дар Тоҷикистон мушкил аст”
Бархе аз занони тоҷик гуфтанд, ки аксари мушкилот ба рӯи шонаҳои онҳо бор аст. Аз таҳияи ғизо ва нигоҳубину тарбияи фарзанд гирифта, то кор дар саҳрову бозор ва идораҳо. Онҳо аз муносибати атрофиён ва бахусус мардон низ шиква доранд.