Бунёди дӯсти Путин барои нигоҳубини боғе дар Сочӣ 287 млн рубл мегирад
Бунёди "Истеъдод ва муваффақият", ки яке аз муассисонаш дӯсти президент Путин ғижжакнавоз Сергей Ролдугин аст, қарордодеро ба маблағи 287 миллион рубл барои нигоҳубини Боғи Олимпӣ дар Сочӣ даст овард. Музояда дар портали харидҳои давлатӣ нашр шуд ва таваҷҷуҳи нашрияи "МБХ Медия"- ро ҷалб кард.
Бо дастури ҳукумат муомилот танҳо бо як ширкати таъмингар сурат гирифт. 287 миллион рубл барои як сол ҷудо шуд ва ҳамин тавр қарордод низ барои як сол баста мешавад. Иҷрокунандаи қарордод бояд чаманзору гулистони боғро нигоҳубин кунад, иншоотҳои паркро тоза нигаҳ дорад ва бо барқ таъмин намояд.
Қаблан гуфта шуд, бунёди Ролдугин, ки ягона тарҳи он - маркази омӯзиши кӯдакон бо хоҳиши Путин таъсис ёфт, барои се сол 6,3 миллиард рубли буҷаи пойгоҳҳои дарёфти кӯдакони боистеъдодро дарёфт кард. Ба ғайр аз ин, "бунёди "Истеъдод ва муваффақият" 14 феврал аз Дератаменти соҳаи истеъмолии Краснодар муҷавизи фурӯши нӯшокиҳои алкоҳолиро ба даст овард.
Номи Ролдугин ҳамчунин дар Тарҳи таҳқиқоти байналмилалии ҷиноятҳои муташакил ва фасодкорӣ (OCCRC) зикр шудааст. Дар ин санад гуфта мешавад, ки яке аз бонкҳои замоне муваффақи Русия - "Тройка Диалог" дар схемаи шустушӯи пул даст дошт. Ҳудуди 9 миллиард доллар тавассути ин бонк берун бурда шуд ва Ролдугин яке аз онҳое буд, ки аз ин схема истифода мекард.
Ғижжакнавоз ҳамчунин дар таҳқиқоти дигари OCCRC мавсуф ба "Авроқи Панама" ҳузур дорад. Бинобар ин таҳқиқот, ҳудуди 2 миллиард доллар ба номи Ролдугин ба офшор интиқол ёфтааст. Парвандаи "Авроқи Панама ҳоло дар додгоҳи Амрико баррасӣ мешавад.