Туркия "минтақаи ғайринизомии" Идлибро назорат мекунад
![Туркия](https://gdb.rferl.org/06264C67-361B-4E7D-85DA-5B5D8C37C837_cx0_cy9_cw0_w800_h450.jpg)
Нерӯҳои Туркия назорат дар вилояти Идлиби Сурияро оғоз кардаанд. Ин бахше аз муомилаи байни Русия, Эрон ва Туркия дар кишвари ҷангзадаи Ховари Миёна аст.
Хабаргузории давлатии Туркия рӯзи 8-уми март хабар дод, ки ин назорат аз шимоли Идлиб шуруъ шуда, минтақаҳои ҷанубии вилояти Ҳалаби Сурияро низ дар бар мегирад.
Вазири мудофеаи Туркия гуфт, ин кишвар аз 15 то 20-километрро, ки минтақаи ғайринизомӣ эълон шудааст, таҳти назар хоҳад дошт. Бахшҳои дигарро нерӯҳои Русия назорат мекунанд.
Як хабарнигори оҷонси "Франс-Пресс" гузориш додааст, ки рӯзи ҳаштуми март як корвони иборат аз даҳ мошини зиреҳпӯши Туркияро дидааст, ки дар ғарби Ҳалаб ҳаракат мекард.
Ин иқдом баъди он сурат мегирад, ки раҳбарони Русияву Эрон ва Туркия дар Сочӣ дар ин маврид ба тавофуқи ниҳоӣ расиданд. Тавофуқ барои ташкили чунин як минтақаи ғайринизомӣ дар бахшҳои Сурия соли гузашта байни ин се кишвар тартиб шуда буд.