Азим Иброҳим: Дар Ворух ва манотиқи марзӣ патрули муштарак амал хоҳад кард
Музокироти мақомоти баландпояи Тоҷикистону Қирғизистон дар робита бо муноқиша дар марзи ду кишвар ба анҷом расид ва мувофиқаи ҳосилшуда дар як протоколи муштарак сабт шуд. Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон гуфт, бар асоси мувофиқаи тарафҳо, вазъи амниятӣ дар Ворухро патрули муштарак аз ҳисоби ходимони милисаи ду кишвар назорат мекунанд