В.Аҳадов: "Тоҷикон бисёр боистеъдоданд, ба онҳо бояд аз назари касбӣ кӯмак кард"
![В.Аҳадов:](https://gdb.rferl.org/bba09fb4-d02b-4329-a382-fe427eae3f2b_tv_w800_h450.jpg)
Коргардони маъруфи тоҷик Валерий Аҳадов ба ифтихори 100-солагии мактаби маъруфи синамо ВГИК (Институти давлатии кинематографияи Русия ба номи С.А.Герасимов), барои филмсозони Тоҷикистон давраи кӯтоҳмуддати омӯзишӣ баргузор кард. Аҳадов, ки худ хатмкардаи ин мактаби маъруфи филмсозӣ аст, ҳоло ба ҳайси омӯзгор дар ин муассисаи олӣ дарси синамо медиҳад.