Ҷаласаи нахустини Дариға Назарбоева ба ҳайси раиси Сенат
Раиси нави сенат ва духтари президенти пешини Қазоқистон Дариға Назарбоева 26 март ҷаласаи бюрои сенатро баргузор кард. Дар он ба кумитаҳои сенат лоиҳаи қонунҳоеро тақсим карданд, ки аз сӯи маҷлис пешниҳод шуда буданд.
Яке аз лоиҳаҳои пешниҳодӣ марбут ба будҷаи соли 2019-2020 буд. Ба иттилои сомонаи сенат, Назарбоева ба баррасии тарҳи будҷаи ҷумҳуриявӣ, ки 4 апрел баргузор мешавад, бештар таваҷҷуҳ кардааст.
Дариға Назарбоева духтари калонии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст. Номзадии ӯро ба мақоми раҳбарии сенат президенти муваққати ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев, ки пештар худ раиси он буд, пешниҳод кард. Раиси сенат дар сурати истеъфо додани президент муваққатан иҷрои вазифаҳои ӯро бар зимма мегирад.
Номзадии Назарбоеваро аъзои сенат якдилона қабул карданд. Вакилон ҳамчунин пешниҳодҳои дигари Тоқаевро низ пазируфтанд, ки 20 март ҳангоми савгандёдкунияш ироа карда буд. Аз ҷумла бо пешниҳоди ӯ номи шаҳри Остона ба Нурсултон иваз ва ба президенти пешин Назарбоев чандин мукофоти давлатӣ дода шуд.