Аз селу боронгарӣ дар Эрону Афғонистон беш аз 60 тан ҷон бохт
Мақомот дар Эрон мегӯянд, ки бар асари боронҳои шадид ва селхезии чанд рӯзи ахир дар ин кишвар 34 нафар ҷон бохта ва беш 125 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Афғонистони ҳаммарз бо Эрон ҳам аз ҳалокати беш аз 25 нафар бар асари боронгариҳои рӯзҳои гузашта хабар доданд.