Маскав: "Сарбозони рус дар Венесуэла хатар надоранд"
![Маскав:](https://gdb.rferl.org/4BDD0B41-1F0A-41B0-A3B4-61C6822D7995_w800_h450.jpg)
Маскав гуфт, ки омадани сарбозони рус ба Венесуэла ба касе хатар надорад. Ин изҳорот дар посух ба талаби президенти ИМА Доналд Трамп аз Русия аст, ки гуфт, нирӯҳоро аз ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ берун кунад, вагарна “ҳама имкониятҳо рӯи даст аст”. Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 28 март ба хабарнигорон гуфт, ки “Русия тавозуни қудрат дар минтақаро вайрон намекунад ва ба фарқ аз Вашингтон, ба касе таҳдид надорад”.
Захарова гуфт, ки бар пояи як созиши ҳамкориҳои низомӣ “мутахассисони Русия” ба Венесуэла фиристода шуданд ва “то замоне, ки лозим ҳастанд, дар он кишвар мемонанд”. Ҳавопаймоҳои низомии Русия рӯзи 23 март дар беруни Каракас фуруд омаданд ва ҳудудан 100 низомии рус аз дохили он берун шуд. Ин таҳаввулот дар авҷи ихтилофҳои дипломатии миёни Вашингтон ва Маскав рух дод.
Ғарб раҳбари мухолифони Венесуэла Ҳуан Гуайдоро пуштибонӣ мекунад, ки дар талоши сарнагун кардани президент Николас Мадуро мебошад. ИМА ва беш аз 50 кишвари дигар Гуайдоро президенти муваққати Венесуэла эътироф кардаанд. Русия, ки ба ин кишвар миллиардҳо доллар сармоягузорӣ кардааст, муттафиқи Мадуро боқӣ мемонад.