Матбуот: Сооронбай Ҷеенбеков ба Владимир Путин аспу саг тақдим кард. ВИДЕО
Рӯзи 28 март президенти Русия Владимир Путин бо як сафари давлатӣ аз Қирғизистон дидан кард. Дар ин сафар президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба ӯ як асп ва саги зотӣ тақдим намуд.
Бахши Қирғизии Радиои озодӣ бо такя ба ТАСС менависад, ки асп аз зоти «Орлов» буда, саг аз зоти тайган ё «саги қирғизӣ» будааст.
Соли 2017 ҳам зимни мулоқоти Путин бо раиси ҷумҳурии собиқ Алмосбек Отамбоев дар Бишкек, ба раҳбари Русия як асп тақдим шуд.