Оқибатҳои фалокат дар Сангворро бартараф мекунанд
Дар ноҳияи Сангвор наҷотбахшон ба бартараф кардани паёмади офатҳои табии ҳафтаи гузашта оғоз намудаанд. Ҳамзамон комиссияи вижа зарари расидаро ҳисоб мекунад. Бар асари тундбоди 29-уми март боми беморхонаи деҳаи Хипшон ва боми чанд хонаи сокини ноҳия осеб дид.