Дар таркиши академияи низомие дар Русия се нафар маҷрӯҳ шуд
Дар як таркиши академияи низомии Санкт-Петербурги Русия се нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора рӯзи 2 апрел вазорати дифои ин кишвар хабар дод. РИА Новости бо такя ба вазорати дифои Русия хабар дод, ки як маводи ношиноси таркандае рӯзи 2 апрел тахминан соатҳои 13:30 рӯз дар дохили утоқи академияи Можайский инфиҷор кард.
Дар гузоришҳо гуфта мешавад, ки се нафари осебдида кӯмаки тиббӣ дарёфт карда ба ҳаёти онҳо дигар ҳеҷ хатаре мавҷуд нест. Бо такя ба як корманди изтирорӣ, РИА Новости гузориш дод, ки таркиш дар утоқе воқеъ дар ошёнаи дуюми академияи низомӣ рух дод ва баъди он ки зинапоя хароб шуд, тахминан 20 нафар дар дохили бино муваққатан дармонданд.
Интерфакс бо такя ба як корманди хадамоти тиббӣ гуфт, ки ҳарсе нафари маҷрӯҳшуда кадет ё шогирди ин мактаб буданд. Дар гузоришҳои қаблӣ гуфта шуд, ки дар ин ҳодиса чор нафар маҷрӯҳ шуд.
Академияи Мажайский мутахассисони соҳаи ҳавонавардии Русия ва дигар низомиҳоро омода мекунад.