"Писарамро "облава" карданд". ВИДЕО
Як сокини шаҳри Душанбе иддао кард, ки писарашро тариқи "облава" ё маҷбурӣ ба артиш бурдаанд. Дилором Шарофова гуфт, писараш Ҳадятулло Носиров ба хотири ягона ноновари хона будан то соли 2022 аз хидмат озод буд ва дар ин маврид санад дошт.