Таҳдиди зиндон ба як зане барои таҳқири ҳамсари шавҳари собиқаш дар Фейсбук
Як зани дорои шаҳрвандии дугонаи Бритониё ва Эрон барои таҳқири эҳтимолии ҳамсари нави шавҳари собиқаш дар Фейсбук метавонад аз ҷониби додгоҳи Имороти Муттаҳидаи Араб ба зиндон маҳкум шавад. Гурӯҳи бо номи “Боздоштшудаҳо дар Дубай” гуфт, ки Лола Шоҳравиши 55-сола моҳи март дар фурудгоҳи Дубай баъди он боздошт шуд, ки барои ширкат дар маросими хоксупории ҳамсари собиқаш рафта буд.
Гурӯҳ гуфт, ки ин зан метавонад ба мӯҳлати то 2 сол зиндонӣ шуда, дар ҳаҷми 65 ҳазор доллар ҷаримабандӣ шавад. Ин зан дар он муттаҳам мешавад, ки соли 2016 замони зиндагиаш дар Бритониё дар Фейсбук ба забони форсӣ ду изҳороте нашр карда буд.
Дар яке аз ин навиштаҳояш Шоҳравиш гуфтааст: “Умедворам, зери хок биравӣ, девона. Худо бигирад. Ту маро ба хотири ин асп партофтӣ”.
Зани дар Дубай боздоштшуда гуфт, ки ҳамсари дуюми шавҳараш дар бораи шарҳҳои навиштаи ӯ дар Фейсбук ба полис шикоят кардааст.
Бар пояи қонунҳои марбут ба ҷиноятҳои интернетии Имороти Муттаҳидаи Араб, барои нашри изҳороти таҳқиромез дар ҳақи шахсият дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷарима ва маҳбас таҳдид мекунад. Вазорати хориҷаи Бритониё гуфт, ки аз ҳуқуқи модари танҳо ҳимоят мекунад, ки як сокини Лондон мебошад.