Тоҷикистон хостааст, Русия як бори дигар муҳоҷиронро афв кунад. ВИДЕО
![Тоҷикистон хостааст, Русия як бори дигар муҳоҷиронро афв кунад. ВИДЕО](https://gdb.rferl.org/69EC7EC6-A794-4EB0-B2AD-E7285DE41F6B_w800_h450.jpg)
Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, умедвор аст, пешниҳодҳои онҳо барои “афви муҳоҷирони тоҷик” ба гӯши мақомоти Русия расидаанд ва онҳо иҷоза медиҳанд, то садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дигарбора ҳаққи бозгашт ба Русияро бигиранд.