Трамп нақши Қирғизистонро дар пешбурди арзишҳои демократӣ эътироф кард
Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, Қирғизистон дар пешбурди арзишҳои демократӣ дар минтақа нақши муҳим дорад. Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон омодааст, ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Бишкек тақвият бахшад.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, ин нуктаҳоро президент Трамп ҳангоми қабули эътимодномаи сафири нави Қирғизистон дар ИМА ва Канада Болот Отунбоев баён доштааст.
"Имконияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таъмини рушди иқтисодӣ ва густариши робитаҳои тиҷории ду кишвар мавҷуд аст. Мо метавонем дар якҷоягӣ ба рушд ва демократитару амнтар шудани ҷаҳон мусоидат кунем", - изҳор доштааст президенти ИМА.
Отунбоев дар навбати худ гуфтааст, ки бовар дорад, ҳамкориҳои дуҷонибаи Қирғизистону ИМА боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт. Ба гуфтаи ӯ, барои ин кор тамоми шароит фароҳам шудааст.
Болот Отунбоев 15 январи соли равон сафири нави Қирғизистон дар ИМА ва Канада таъйин шуд.