Ҳалокати 13 нафар ҳангоми сӯхтори ҳавопаймо дар Шереметевои Маскав. ВИДЕО
![Ҳалокати 13 нафар ҳангоми сӯхтори ҳавопаймо дар Шереметевои Маскав. ВИДЕО](https://gdb.rferl.org/EE7567FC-A279-4603-8913-86043D0CBFF6_w800_h450.jpg)
Як ҳавопаймои ширкати "Аэрофлот" ҳангоми нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав оташ гирифт. Ҳодиса рӯзи 5 май рӯй дод. Хабаргузории ТАСС навишт, дар дохили ҳавопаймо 73 мусофир ва 5 узви экипаж буданд ва дар сӯхтор ба камияш 13 нафар ҷон бохтанд. Кумитаи тафтишотии Русия шаби якшанбе марги як нафар ва ҷароҳати чаҳор нафарро тасдиқ кард. Ҳавопаймои "Суперҷет"-и истеҳсоли Русия дар хатсайри Маскав-Мурманск парвоз дошт. Баъди чанд дақиқаи парвоз сарнишинон нишасти изтирорӣ талаб кардаанд. Хадамоти “Flight Radar” гузориш дод, ки ин ҳавопаймо 45 дақиқа дар ҳаво буда, пеш аз нишасти изтирорӣ ду дафъа дар атрофи Маскав чарх задааст. Ширкати "Аэрофлот" гуфт, ҳангоми нишасти изтирорӣ муҳаррики ҳавопаймо оташ гирифтааст. Ҳамин манбаъ афзуд, ҳавопаймо бо мушкили фаннӣ ё техникӣ ба фурудгоҳи “Шереметево” баргашта буд.