Гурӯҳи кории С5+1 дар Душанбе ташкили ҷаласа кард
Дар Душанбе рӯзи 16 май ҷаласаи Гуруҳи корӣ оид ба масъалаҳои амният дар формати С5+1 баргузор шуд, ки дар он мақомот аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва ИМА иштирок карданд. Дар хабари сафорати ИМА дар Душанбе гуфта мешавад, ки аз ҷониби ИМА дар нишаст Иҷрокунандаи вазифаи муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба Осиёи Марказӣ дар департаменти давлатии ИМА Марк Муди ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Марк Ҷон Поммершайм иштирок карданд. Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода намояндагӣ кард. Дар нишаст масоили ҳамкориҳои минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва таҳдидҳои бозгашти ҷангиёни хориҷӣ баррасӣ шуд.
C5 + 1 як ҳамоиши иборат аз мақомоти умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои Осиёи Марказӣ аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ ба хотири баррасии масоили мавриди нигаронии ин кишварҳо ташкил мешавад.