Ҳабси беш аз 20 эътирозгари сохтани калисо дар Екатеринбург
![Ҳабси беш аз 20 эътирозгари сохтани калисо дар Екатеринбург](https://gdb.rferl.org/EA5F38CB-3CCB-46D6-98DC-F31302C71168_cx0_cy6_cw0_w800_h450.jpg)
Дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар паи як намоиши эътирозии бидуни иҷоза полис беш аз 20 зану мардро ба чанд рӯзи ҳабс маҳкум кард. Ҳукмҳои додгоҳӣ дар паи се рӯзи эътирозҳои ҳазорҳо нафар аз тасмими дар макони як боғи ҷамъиятии бисёр маъруф бунёд шудани калисои нави провославӣ содир шуд. Дар ҳукми додгоҳи ноҳияи Верх-Исет рӯзи 16 май гуфта шуд, ки 21 нафари дар давоми ду рӯзи гузашта боздоштшуда ба мӯҳлати 2 то 10 рӯзи ҳабс маҳкум мешаванд ва гуноҳи онҳо ин аст, ки қонуни таҷаммӯъҳои ҷамъиятиро вайрон кардаанд.
Додгоҳ инчунин гуфт, ки рӯзи 15 май 33 эътирозгари дигар ҳам боздошт шудааст. Вале як гурӯҳи мустақили ҷамъиятӣ бо номи ОВД-инфо, ки назорат аз қонуншиканиҳои полисро ҳадаф қарор додааст, гузориш дод, ки дар саркӯбҳои эътирозгарон на камтар аз 70 нафар боздошт шудааст.
Баробар бо эътироз, ҳудудан 74 ҳазор сокини маҳаллӣ ба вебсайти интернетии Change.org ариза навишта, зидди дар боғи сабзу зебои шаҳр сохта шудани калисо имзо гузоштанд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки макони боғ ягона нуқтаи сабзу барҳавои шаҳр аст, ки барои гаштугузори сокинони маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.