Созишномаи сафари бевиза ба Узбакистон барои тасдиқ ба порлумон рафт
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳоршанбеи 14-уми март созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи сафари шаҳрвандон ба кишварҳои якдигарро барои баррасӣ ба Маҷлиси Олӣ ирсол кардааст. Ин созишнома рӯзи 9-уми март дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, имзо шуда буд. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин созишнома тартиб ва шароити мусофирати шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистонро ба кишварҳои якдигар танзим менамояд. Читать дальше...