Туркманистон онҳоеро меҷӯяд, ки "акси президентро дар ҳоҷатхона истифода мебаранд"
Дар шаҳри Гумдаги Туркманистон нозирони минтақавӣ ба ҷустуҷӯи онҳое баромаданд, ки дар ҳоҷатхона ба ивази коғази ташноб газетаҳоеро истифода мебаранд, ки акси президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро доранд. Нозирон ҳоҷатхонаи манзилҳои сокинонро тафтиш мекунанд, агар чунин рӯзномаҳо пайдо шуд, бори аввал соҳибхона огоҳӣ мегирад. Нозирон ҳамчунин вазифадор шуданд, ки аксҳои ифлосшудаи президентро аз дохили партовгоҳҳо пайдо кунанд. Барои ҳар партовгоҳ нозири махсус таъйин шудааст, ки агар газетаҳои дорои акси президент ёфт шавад... Читать дальше...