Муллои тоҷикро барои таълими ғайриқонунӣ ҷарима карданд
Додгоҳи шаҳри Норак Абдукарим Саидов, маъруф ба Қорӣ Абдукаримро барои ташкили мадрасаи ғайриқонунӣ 350 сомонӣ ҷарима кард. Рӯҳонии тоҷик рӯзи 3-юми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷаримаро ду ҳафта пеш пардохт ва аз ҳукми додгоҳ шикояте надорад. «Шароити зиндагӣ ва кӯдакони хурдсоламро ба инобат гирифтанд ва 350 сомонӣ ҷарима карданд. Ҷаримаро дар бонк супоридам» - гуфт ӯ. Мақомоти интизомӣ моҳи майи имсол алайҳи Абдукарим Саидови 40-сола ва сокини деҳаи Тутқавул бо иттиҳоми ташкили мадрасаи ғайриқонунӣ парванда боз карданд. Читать дальше...