Кабулов: Толибон барои музокирот ба Русия даъват шуданд
Як мақоми Русия гуфт, ки ин кишвар талош дорад то охири тобистон намояндагони созмони тундрави «Толибон»-ро барои ширкат дар «музокироти Русия» ба ин кишвар даъват кунад. Дар ин бора намояндаи вижаи президенти Русия оид ба масоили Афғонистон Замир Кабулов дар сӯҳбат бо нашрияи «Коммерсант» хабар дод. Кабулов гуфт, ки омодагиҳо барои шурӯи гуфтугӯҳо бо Толибон дар «чаҳорчӯби музокироти Маскав» ҳанӯз соли гузашта шурӯъ шуд. «То охири тобистон мо як мулоқоти навбатиро дар ин замина баргузор мекунем ва ба ин мулоқот бояд ҳамаҷониба омода шавем»... Читать дальше...