Сардори захмишудаи Бюрои иҷрои ҷазои Узбекистон даргузашт
Сардори Бюрои иҷрои ҷазо дар ноҳияи Яккабеди Узбекистон рӯзи 2 август дар бемористон вафот кард. Се моҳ пеш ба ӯ дар пайи ҳамлаи як зердасташ, ки аз мақом барканор шуда буд, захм бардошт. Баҳром Ҷӯраев, сардори пешини Бюрои иҷрои ҷазо дар яке аз бемористонҳои шаҳри Тошканд вафот кард. "Баъди он ки Баҳрои Ҷӯраев Шавкат Ибратовро аз кор барканор кард, Шавкат дар ҳоли мастӣ бо корд ба утоқи сардор омад. Шавкат ба Баҳром чаҳор корд зад. Табибон барои наҷоти ӯ талоши зиёд карданд, аммо вай 2 август вафот кард", - гуфт як корманди Бюро. Читать дальше...