Ҳукумат ба имомхатибони узбек дастур дод, ки худкуширо маҳкум кунанд
Дар намозҳои панҷвақтаи Узбекистон имомҳои масҷид дар бораи ҳаром будани худкушӣ мавъиза мекунанд. Бархе аз ходимони дин дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳои дигари Узбекистон гуфтанд, аз Кумитаи дин дастур гирифтаанд, ки дар ин мавзуъ мавъиза кунанд. "Сабаби ин мавъизаҳои мо дар он аст, ки дар кишвар шумори худкушиҳо афзудааст. Ислом худкуширо манъ мекунад. Заифии имон боис мешавад, ки одамон худкушӣ кунанд", - гуфт ёвари имоми масҷиди "Сироҷ Солеҳ". Дар ҳамин ҳол, бархе аз имомони дигар дастур гирифтаанд... Читать дальше...