Ҷорҷ Клуни қимматарин ҳунарманди синамо эълон шуд
Маҷаллаи Forbes ҳунарманди синамо Ҷорҷ Клуниро қимматтарин ҳунарманди соли 2018 эълон кард. Рӯйхати ҳунармандони гаронпардохтро Forbes рӯзи чоршанбе дар сомонааш нашр кард. Ба гуфтаи хабаргузории ТАСС, Клунии 57-сола дар 12 моҳ 339 миллион доллар фоида ба даст овард. Дар баробари нақшофарӣ дар синамо, фоидаи умда- ҳудуди 1 миллиард долларро ин соҳиби ду ҷоизаи Оскар, аз фурӯши ширкати истеҳсоли текила - Casamigos Tequila дарёфт кард. Ҷойи дуюм бо 124 миллион доллар насиби Дуэн Ҷонсон шуд, ки ҳунарманди нисбатан нав аст. Читать дальше...