Раёсати марзбонӣ: "Ҳамла дар Фархор аз сӯи Толибон сурат гирифтааст"
Баъд аз зуҳри 26-уми август як “Нива”-и ҳомили се сокини ноҳияи Фархор дар наздикии марз бо Афғонистон мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Як манбаи муътамад дар идораҳои интизомии ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷа ҳамла ду нафар кушта шуда, як тани дигар захмӣ шудааст.