Меркел аз тарҳи баҳсбарангези СММ оиди муҳоҷират пуштибонӣ кард
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз паймони баҳсбарангези Созмони Милали Муттаҳид, ки боиси танқиди бисёр кишварҳо шуд, пуштибонӣ кард. Меркел гуфт, ки ин санад посухи дуруст ба буҳрони муҳоҷират аст, ки ба гуфтаи садри аъзам, танҳо бо талоши дастаҷамъии байналмилалӣ ҳал мешавад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 21 ноябр хабар дод. Ӯ ёдовар шуд, ки ҳоло дар ҷаҳон дастикам 70 миллион паноҳанда вуҷуд дорад, ки ними онҳо кудакон мебошанд. Ин одамон бо ҳар роҳ мехоҳанд аз 200 низои сабтшуда дар ҷаҳон наҷот ёбанд... Читать дальше...