Ду зодаи Тоҷикистон дар Маскав 15-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд
Додгоҳи минтақавии Маскав рӯзи 11 феврал ду зодаи Тоҷикистонро барои омодагӣ ба амали террористӣ дар маркази Маскав, вилояти Подмосковйе ва як электричкаи шаҳри Маскав ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Хабарнигори ТАСС аз дохили толори додгоҳ хабар дод, ки маҳкумшудаҳо – Бахтиёр Маҳмудов ва Зафархон Раҳматов ҳукми зиндонро дар маҳбаси низомаш сангин сипарӣ хоҳанд кард. Додрас гуфт, ки аз дасти маҳкумшудаҳо дар ҷараёни таҳқиқи парванда ду автомат, ду маводи тарканда ва дигар маводи ҷангӣ мусодира шуда... Читать дальше...