Зеленский ба намояндаи ҳизби Тимошенко мақоми баланд дод
Президенти Украина Владимир Зеленский бо имзои як фармон вакили порлумон аз Ҳизби "Баткившина" Владислав Бухаревро раиси Хадамоти иктишофи хориҷии ин кишвар таъйин кард. Владислав Бухарев пас аз тағйири қудрат дар Украина дар соли 2014 муовини раиси Хадамоти амнияти миллии ин кишвар шуда буд. Ӯ тирамоҳи он сол аз ҳисоби Ҳизби "Баткившина"-и сарвазири пешини Украина Юлия Тимошенко вакили порлумон интихоб гашт. Ба иттилои расонаҳои украинӣ, Бухарев бо медали "Барои ҳамкории низомӣ"-и Хадамоти федеролии амнияти Русия қадрдонӣ шудааст. Читать дальше...