Дар Норин аз ширкати чинӣ талаб доранд, кони Солтон-Сариро тарк кунад
Дар вилояти Норини Қирғизистон ҳудуди 500 сокини маҳаллӣ ҷамъ шуда, аз ширкати чинии "Жоржи Майнинг" талаб карданд, ки кони Солтон-Сариро тарк кунад. Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар маҳалли таҷаммуъ низоъ сар зада, сокини маҳаллӣ ду корманди ширкатро латтукӯб карданд. Раиси вилояти Норин Амонбой Кайипов барои гуфтугӯ бо эътирозгарон ба кони Солтон-Сарӣ рафтааст. Рӯзи 4-уми августи соли равон низ дар кони мазкур ҳудуди 30 чорвопарвари маҳаллӣ даст ба тазоҳурот зада, эътирози худро... Читать дальше...