Толибон таҳдид карданд интихоботро барҳам мезананд. Ғанӣ: "Мардум таслими зӯр намешаванд"
Толибон интихоботи президентии Афғонистонро як раванди "фиребанда" хонда ва таҳдид кардаанд, ки ба таври ҷиддӣ монеи баргузории он хоҳанд шуд. Раиси ҷумҳури Афғонистон дар вокуниш ба ин таҳдиди Толибон мегӯяд, мардуми ин кишвар таслими зӯр намешаванд.